Тоҷикистониён пайрави мазҳаби Имоми Аъзаманд
Душанбе, 03.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Гузаштагони мо мансуб ба мазҳаби Имоми Аъзаманд, бинобар ин сокинони кишварро мебояд маҳз аз ҳамин мазҳаб пайравӣ кунанд, бо равияи он намоз гузошта, ҳамаи маросимҳои диниро дар доираи ин мазҳаб иҷро кунанд». Ин таъкид зимни муҳокимаи мавзӯи мизи мудаввар, ки дирӯз дар Китобхонаи миллӣ таҳти номи «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ» баргузор гардид, аз ҷониби шахсиятҳои шинохтаи динии кишвар — муовини раиси Маркази исломӣ дар вилояти Суғд Мӯсозода Ҳусайн, устоди Донишкадаи исломӣ Абдураҳим Каримов (Мулло Абдураҳим), рӯҳониёни шинохта Мирзо Ибронов (Ҳоҷӣ Мирзо), Маҳмадулло Шарифзод (Домулло Маҳмадулло), Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода садо дод.
«Дар мазҳаби Имоми Аъзам тамоми одобу ахлоқи одамӣ, рафтору муносибати инсондӯстона, ҳурмату эҳтиром ва арзишҳои олие, ки зиндагии моро ба танзим медарорад, инъикос гардидааст», — гуфтанд иштирокдорони мизи мудаввар.
Дар чорабинии дирӯза ҳамчунин зикр шуд, ки дар баробари мазҳаби Имоми Аъзам дар Тоҷикистон равияи Исмоилия низ ҳузур дорад ва пайравони он аз тамоми шароиту имкониятҳо бархурдор буда, ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро маҳкум менамоянд.
Дигар мазҳабҳо ва равияҳои тундраве, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, аз тарафи хоҷагони хориҷии худ маблағгузорӣ шуда, онҳо бар зидди мазҳаби мо, яъне мазҳаби Имоми Аъзам ва тинҷиву амонии кишвар равона шудаанд. Ин мазҳабҳои бегона аз ҷониби хоҷагони хориҷии худ вазифадор шудаанд, ки дар кишвари мо байни мардум тафриқаандозӣ намуда, муноқишаҳои динӣ барпо намоянд.
Афроди шинохтаи динӣ, ки дар мизи мудаввар ширкат доштанд, аз иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар низоъҳои мусаллаҳонаи Сурия ва Ироқ изҳори нигаронӣ карда, иброз намуданд, ки онҳое, ки барои ҷиҳод ба ин кишварҳо мераванд ва ба куштори мардуми бегуноҳ даст мезананд, ғайримусулмон ҳастанд. Қатли модар аз ҷониби фарзанд аз он шаҳодат медиҳад, ки ин тоифаи ақлгумкарда ва ваҳшӣ аз кофир бадтар ҳастанд, зеро кофир ҳеҷ гоҳ модари худ, тифли хурдсол ва мардуми осоиштаро қатл намекунад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






