Зан-меҳвари камолоти ҷомеа аст
Душанбе, 9.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Ба ифтихори Рӯзи модар дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Зан-меҳвари камолоти ҷомеа» чорабинии идона доир гардид. Дар он раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар иштирок намуд.
Ректори донишкада профессор Д. Қодирзода зикр намуд, ки бо ташаббусҳои пайгиронаву созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз нақши зан дар ҷомеа назаррас гардидааст. Дарвоқеъ, имрўз модари тоҷик дар пешрафту камолоти ҷомеаи навин дар марказ қарор дошта, ба як неруи комили таҳрикдиҳандаи раванди навкорию созандагиҳо мубаддал гардидааст. Нодида гирифтани нақши занону модарон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат кори нобахшиданист.
Ректори донишкада кулли бонувонро бо иди зебои сол, иди баҳору зебоӣ-Рӯзи модар самимона муборакбод намуда, ба онҳо тансиҳатии комил ва дастовардҳои нави илмию педагогӣ таманно намуд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар баён намуд, ки зани тоҷик имрўз аз ҳарвақта бештар маҳбуб ва шоистаи таҳсину офаринҳо гаштааст, зеро нақши дасти зан-модарро имрўз дар кулли ҷабҳаҳо мебинем, эҳсос мекунем ва арҷ мегузорем. Имрўз зан-модар тарбиятгар, олим, табиб, муҳофизи тартибот, иқтисодчӣ, ронанда, фермер ва амсоли инҳо мебошад. Ташаббусу навкориҳои зан-модар дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз баръало эҳсос мешавад ва он ҷовидона аст. Зан-модари тоҷик шоистаи таҳсину офарин буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Дар раванди баргузории тантанаҳои идона ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ Баҳроми Ғафурзод, Азиза Каримова, Шаҳроми Абубакр ва Рўзибеки Файзалӣ бо сурудҳои тозаэҷоди худ дар васфи модар ва ватан хотири ҳозиринро шод намуданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






