16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Апрель 15, 2016 14:20

Душанбе, 15.04.2016./АМИТ «Ховар»/. Минбаъд ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.  Дар иртибот ба ин 15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд.

Мавлуда Қаландарзода, вакили  Маҷлиси намояндагон  зимни тавзеҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» гуфт, ки ҳамчун рӯзи ид муайян кардани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба шахсият вобаста нест, балки чун рӯзи такдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи  муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи навқабулгардида аст.  Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар  иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Зикр шуд, ки  лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.

Апрель 15, 2016 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии Пайванди Рашт дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд