Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Русия рафт
Душанбе, 18.04.2016/АМИТ Ховар/.Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз ҷиҳати иштирок дар машварати якуми раисони парлумонҳои АвруОсиё озими Маскав- пойтахти Русия гардид.
Аз палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар машварати якуми раисони парлумонҳои АвруОсиё сарони парлумонҳои кишварҳои Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Ветнам, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Камбоҷа, Муғулистон, Покистон, Ҷумҳурии Корея, Русия, Таиланд, Филиппин, Чехия ва дигар кишварҳо иштирок менамоянд.
Интизор меравад, ки дар доираи ин сафар Шукурҷон Зуҳуров бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиё ва Аврупо мулоқот намуда, маҷмӯи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории парлумониро матраҳ созад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






