Ҷаласаи падару модарон дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ

Апрель 2, 2016 20:44

Душанбе, 02.04.2016. (АМИТ «Ховар»). Имрӯз дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 14-уми нақшаи кории Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кўдак барои соли 2016, бахшида ба 5-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифтаи раванди таълим ва донишандўзии донишҷўён, иштироки фаъолонаи донишҷўён дар чорабиниҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ҳисси меҳанпарастии онҳо, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, тарбияи мутахассисони лаёқатманд ҷаласаи падару модарони донишҷўёни курси якум баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ декани факултети ҳуқуқшиносӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Раҳмон Д.С. ҳусни оѓоз бахшида, ба падару модари донишҷўён дар хусуси зарурат ва аҳамияти баргузории ҷаласаи мазкур гузориш дод. Аз ҷумла иброз намуд, ки дар тамоми суҳбату вохўриҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал меоранд, ки волидайн, тамоми соҳторҳои давлатӣ ва дар маҷмўъ ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон риояи меъёрҳои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» — ро ба роҳбарӣ гирифта, нисбат ба насли наврас ва ояндаи давлати ҷавони тоҷик бетафовут набошанд ва дастҷамъона дар устувориву пойдорӣ, рушд ва пешрафти он саҳмгузор бошанд.  Ҳамзамон хотирнишон сохтанд, ки дар факултети ҳуқуқшиносии ДМТ «Барномаи рушди факултети ҳуқуқшиносӣ ДМТ барои солҳои 2015-2020» қабул карда шудааст. Татбиқи амалӣ ва бомароми барнома идома ёфта, дар оянда имкон медиҳад, ки сатҳу сифати таълим боло бардошта шуда, ҳамзамон мутахассисони болаёқат, рақобатпазири бозори меҳнат, ҷавобгўй ба стандартҳои байналмилалӣ ва дар руҳияи меҳанпарастиву хештаншиносӣ тарбияёфта омода карда шаванд. Сипас дар кори ҷаласа, масъалаҳои саривақт ҳозир шудан ба дарс, бо автомашинҳои шахсӣ ҳозир нашудан ба Донишгоҳ,  ҳозир шудан ба донишгоҳ бо ҷузвдон, китобу дафтар ва дигар лавозимоти таълимӣ, риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ, худдорӣ намудан аз  кашидани носу сигор, нўшокиҳои спиртӣ, маводи мадҳушкунанда, офтобпараст, сақич дар ҳудуди донишгоҳ ва хобгоҳҳо, нагаравидани донишҷўён ба ҳаргуна равияҳои сиёсӣ-динии хусусияти ифротгароӣ ва радикалидошта,  раҳоӣ бахшидани донишҷў аз хурофот ва таассуб, аз истифодаи телефонҳои  мобилӣ дар бино ва саҳни донишгоҳ худдорӣ намудан, ташвиқ намудани тарзи ҳаёти солим, вусъат бахшидан ба низоми  омўзиши забонҳои хориҷӣ,  васеъ намудани амалияи истифодаи забони хориҷӣ, ҷалби онҳо ҷиҳати иштирок ба чорабиниҳои оммавии варзишӣ, мусоидат намудан ба ташрифи донишҷўён ба театрҳо, осорхонаҳо, намоишгоҳҳо, иштироки падару модар дар дарсҳо, воқиф будан аз рафтор ва одоби муоширати донишҷў, баланд бардоштани сифат ва сатҳи донишандузии онҳо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

Дар умум натиҷаи таҳлилу мушоҳидаҳо нишон дод, ки падару модарони донишҷўён ба падидаи баргузории ҷаласаи волидайн нек муносибат намуда, онро бо қаноатмандӣ эътироф карда, ба хушӣ пазируфтанд. Ҳамзамон онҳо таъкид карданд, ки бо амалишавии барномаи мазкур дар ҳаёти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии факултет таҳаввулотҳои ҷиддӣ ба миён меоянд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Апрель 2, 2016 20:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе натиҷагирӣ карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Тафсири Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» кай омода ва нашр мегардад?
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — БУНЁДГУЗОРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Тоҷикистон таҳти ин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Соли 2025 табибони тоҷик беш аз 203 ҳазор амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузарониданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони стансияи замонавии зиддижола вусъат меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон 113 муассисаи тиббӣ ба истифода дода шуд
ОГОҲӢ. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд