АНМН: Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир — ҷузъи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ

Апрель 12, 2016 16:07

Душанбе, 12.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар Душанбе мулоқоти директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ Шерхон Салимзода бо ҳайати намояндагони ИМА таҳти роҳбарии Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Элизабет Инга Миллард баргузор гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти АНМН, Ш. Салимзода меҳмононро бо вазъи маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа ва ҷаҳон шинос кард.
Ӯ зикр намуд, ки дар чорчӯбаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати ИМА дар ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоби ВМКБ ду шуъбаи АНМН бунёд шуда, дар ноҳияҳои Лахш ва Дарвоз ду шуъбаи нав ифтитоҳ гардиданд ва инчунин бинои нави Шуъбаи махсусгардонидаи Раёсати фаврӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ ба истифода дода шуд.
Директори Агентӣ зикр намуд, ки бино ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб мешавад, чунки истифодаи маводи нашъадор барои генофонди миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд.
Сафири ИМА оид ба тавсеаи ҳамкории минбаъда бо АНМН ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон изҳори умед намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар масоили назорати маводи нашъаовар ва дурнамои рушди он муҳокима гардиданд.

Апрель 12, 2016 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад