Ғасби беш аз 1000 гектар қитъаи замин дар Хатлон
Душанбе, 18.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Кормандони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар натиҷаи санҷиш 1 ҳазору 268 ҳолати истифодаи ғайриқонунии қитъаи заминро ошкор карданд.
«Майдони ғайриқонунӣ ишғолнамуда, ки 2 ҳазору 417 гектарро ташкил медиҳад, ба ҳолати аввала баргардонида шуда, ҳамзамон қонуншиканҳо ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ ҷарима гардиданд», — гуфт Хуршед Бобоев, раиси Кумитаи идораи замини вилоят.
Инчунин гуфта шуд, ки аз тарафи кормандони худи кумитаи вилоятӣ дар семоҳаи аввали соли равон 166 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст, ки бештари он ба ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Вахш, Н. Хусрав, Қубодиён, Панҷ ва Ёвон тааллуқ доранд.
Масъулин аз он нигаронанд, ки дар ҷомеаи имрӯза як зумра афроде пайдо шудаанд, ки худро аз ин ё он муассиса ва идораи замин муаррифӣ намуда, ба мардум бо роҳи найранг қитъаи муайяни заминро бо маблағи калон мефурӯшанд. Бинобар ин, аз ҳамаи сокинону шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба доми чунин ашхос наафтанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






