Ҷавонон – пайрави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат
Душанбе,21.04.2016/ АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Хоруғ — маркази ВМКБ Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон — пайрави Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса оғоз ёфт.
Дар он сокинони шаҳри Хоруғ бо рӯҳи болида ва идона ширкат карданд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷавононро таҳният гуфта, иброз дошт, яке аз усулҳои муттаҳидсозӣ, таҳкими рукнҳои дӯстӣ ва рушди фарҳангии ҷавонон ташкили фестивал ва форумҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ мебошад. Дар натиҷаи ин чорабиниҳо садҳо ҷавони мамлакат аз фаъолияти якдигар, ҳаёту рӯзгори сокинони минтақаҳо ва урфу одати онҳо, таъриху тамаддун ва фарҳанги миллӣ огоҳ гардида, барои табодули таҷриба имкон пайдо мекунанд.
— Набояд фаромӯш кард, ки доир намудани чунин фестевалҳо имкон медиҳад, ҷавонони касбу кори гуногун дар як муҳит ва атрофи як масъала, яъне муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ваҳдат ҷамъ омада, бурду бохт ва дастовардҳои худро барои ҳам қисса намоянд ва намунаи ибрати дигарон бошанд, — афзуд Аҳтам Абдуллозода.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






