Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия ба имзо расид
Душанбе, 8.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 8 апрели соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия музокироти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров доир гардид. Ҷонибҳо ба сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ дар 24 сол аз санаи муқаррар кардани муносибатҳои дипломатӣ баҳои баланд доданд. Дар фазои анъанавии эътимоду созанда онҳо доираи васеи масоили марбут ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Вазирони корҳои хориҷӣ Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои соли 2016 ба имзо расониданд.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






