Барномаи «Андалеб-2016»-и ДДХ
Душанбе, 27.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави Фестивал-озмуни «Андалеб-2016» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Ректори донишгоҳ Анвар Максудов зикр намуд, ки 25 соли даврони Истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари талошҳои пайваста ба хотири рушди мунтазами иқтисодиёт ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳамчунин давраи рушди илму фарҳанг ва маънавиёт буд. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани заминаҳои пешрафти фаъолияти эҷодии зиёиён, рушди муассисаҳои илмӣ ва фарҳангиву таълимӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ пайваста тадбирҳои самарабахш меандешад.
Барномаи фарҳангии донишҷӯён, аз ҷумла, навозиши умумӣ «Парвона», либосҳои қадимии миллӣ, «Рақси гулҳо», суруди яккаи «Тоҷикистон», навозиши яккаи «Зулф», саҳначаи ҳаҷвӣ «Дарди бадро давои бад», суруди анъанавии «Қашқарчаи савти муҳайё», аз анъанаҳои мардумӣ, анъанаи туйи водии Зарафшон пешниҳод гардид.
Ҳайати ҳакамон ба ҳунарнамоии донишҷӯён баҳои баланд дода, ДДХ соҳиби 100,6 хол гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






