«Бисту панҷ баҳори гулафшон» — озмуни эҷодӣ дар Қурғонтеппа
Душанбе, 26.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри мазкур, ҳайати эҷодии рӯзномаи «Набзи Қурғонтеппа» ва Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни шоирон, нависандагон, журналистон, омӯзгорон ва дигар эҷодкорон таҳти унвони «Бисту панҷ баҳори гулафшон» озмуни эҷодӣ эълон намудааст. Озмун аз рӯи чор жанр: шеър, ҳикоя, мақола ва очерк сурат гирифта, дар ҳар жанр 3 ҷойи ифтихорӣ бо мукофоти пулӣ муайян гардидааст. Озмун дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа хабар дода, ҳамчунин зикр намуданд, ки маводҳои ба озмун пешниҳодшуда бояд дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва нақши фарзонаи фарзандони миллатро дар таҳкими он пурра инъикос намуда, бо тасвирҳои зебо ва хулосаҳои ҳидояткунанда дар ниҳоди ҳар тоҷикистонӣ дӯст доштани ин сарзаминро талқин созанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






