Биёед, ояндаро бо ҳам бисозем!
Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ Ховар/. 26 апрел дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯён таҳти унвони «Биёед, ояндаро бо ҳам бисозем!» баргузор гашт. Зимни мулоқот аз тарафи Иттифоқи ҷавонони ҷумҳурӣ ҳамоиш гузаронида шуда, варақаҳои дорои иттилооти гуногун вобаста ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсия байни донишҷӯёни донишкада тақсим гардиданд.
А. Абдуллозода вобаста ба нуктаҳои асосии тағйиру иловаҳо ба қонуни сарнавиштсоз иброз дошт, ки соли 2016 аз нигоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои миллати тоҷик соли муҳим ва сарнавиштсоз мебошад. Имсол барои мо аз нигоҳи аввал имтиҳон аст, вале аз нигоҳи дигар давраи мустаҳкам кардани камолоти миллат ва дар замири ҳар яки мо таҳким бахшидани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва боло бурдани унсурҳои давлатдории навини Тоҷикистон мебошад.
Зикр шуд, ки 22 май рӯзи бахти миллат аст, зеро тағйиру иловаҳо ба Конститутсия барои беҳбудӣ, таъмин кардани ҳаёти осоиштаи мардум ва ба низом даровардани идоракунии сиёсӣ мусоидат мекунад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






