Бозгашти гӯштингирони ҷавони тоҷик аз Санкт-Петербург бе медал
Душанбе, 19.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни навҷавонони то 21-сола, ки рӯзҳои 16-17 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо ширкати 346 варзишгар (220 мард ва 126 зан) аз 22 кишвар баргузор шуд, ноком шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 14 варзишгар (13 писару 1 духтар) намояндагӣ карданд, вале медал ба даст оварда натавонистанд. Се нафари онҳо натиҷаҳои нисбатан хубтар нишон доданд.
Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни то 73 кило ва Темур Раҳимов дар вазни то 100 кило ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд. Гӯштингирони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.
Дар ҳисоби умумидаставӣ тими мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медали тилло ва 2 медали нуқра ҷойи аввалро гирифт. Тими мунтахаби Русия бо касби (3- 10-8) ҷойи дувум ва дастаи мунтахаби Фаронса бо касби (2-1-5) сазовори ҷойи севум шуданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум ва ду ҷойи ҳафтум дар зинаи 11-ум қарор гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






