Бунёди боғи интенсивӣ дар Турсунзода
Турсунзода, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Мо имсол дар масоҳати 35 гектар замини беоб ба воситаи насоси пуриқтидор об бароварда, ниҳоли ток шинондем, ки он баъди ду сол ба ҳосил хоҳад даромад»,- иброз дошт деҳқони асил Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов. Масоҳати хоҷагии деҳқонии ӯ акнун ба 95 гектар расид. Барои беосеб ва ба муддати тӯлонӣ нигаҳдории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ сардхона низ сохта шуд.
Як қисмати хоҷагии мазкурро ниҳолпарварӣ ташкил медиҳад, ки дар қатори дигар ниҳолҳо себи навъи карлик сабзонида мешавад. Аҳли хоҷагӣ мақсад доранд, ки дар солҳои оянда дар масоҳати панҷ-шаш гектар боғи интенсивӣ ташкил намоянд.