Дар Душанбе ҳамоиши ҳунармандон доир мегардад
Душанбе, 19.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе 21 апрели соли равон бинобар ба охир расидани Лоиҳаи «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва савдои боадолат», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузорӣ мегардад, ҳамоиши ниҳоӣ таҳти унвони «Ояндаи бахши ҳунармандии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ва Бизнес-клуби Бишкек дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии итолиёвии Cesvi барои рушд ва ҳамгироии минтақавии ташкилотҳои тиҷоратии миёнарав (ТТМ) ва корхонаҳои хурду миёна (КХМ) дар бахшҳои ҳунармандии Тоҷикистон ва Қирғизистон амалӣ мегардад.
Ҳангоми амалишавии лоиҳаи мазкур кӯшиш ба харҷ дода шудааст, ки бахшҳои хусусии тоҷику қирғиз тавассути баланд бардоштани иқтидор ва расонидани кумак ба корхонаҳои хурду миёнае, ки (КХМ) дар бахши ҳунармандӣ фаъолият мекунанд, рушд намоянд.
Иштирокдорони ҳамоиш зикр намуданд, ки лоиҳа ба охир расида истодааст ва таҷрибаҳои аз он омӯхташуда барои минбаъд саҳм гузоштан дар рушди бардавоми бахши ҳунармандӣ мусоидат хоҳад намуд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин маҳсулоти аъзои Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






