Дар Хуҷанд барои иштирокдорони садамаи Чернобил 7500 сомонӣ маблағ ҷудо гардид
Душанбе, 26.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии садамаи Неругоҳи барқии атомии Чернобил ҳамоиши иштирокдорони бартараф намудани оқибатҳои ин садама ва оилаҳои бесаробонмондаи қурбониёни ин фоҷиа баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз корнамоии фарзандони диёр дар бартараф намудани пайомадҳои садамаи атомии Чернобил ёдоварӣ намуда, ба 120 нафар сокини дар натиҷаи садамаи мазкур осебдида барои ҳифзи саломатиашон кумаки молӣ расонида, ба 62 нафари дигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли равон барои қадрдонии иштирокдорони садамаи Неругоҳи барқии атомии Чернобил ва пардохти кумакпулии яквақта ба оилаҳои бесаробонмондаи онҳо 7500 сомонӣ маблағ ҷудо намудааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






