Дар Хуҷанд барои иштирокдорони садамаи Чернобил 7500 сомонӣ маблағ ҷудо гардид

Апрель 26, 2016 16:57

Душанбе, 26.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 30 солагии садамаи Неругоҳи барқии атомии Чернобил ҳамоиши иштирокдорони бартараф намудани оқибатҳои ин садама ва оилаҳои бесаробонмондаи қурбониёни ин фоҷиа баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд    аз корнамоии фарзандони диёр дар  бартараф намудани пайомадҳои садамаи атомии  Чернобил  ёдоварӣ намуда,   ба 120 нафар сокини дар натиҷаи  садамаи мазкур  осебдида барои ҳифзи  саломатиашон кумаки  молӣ расонида, ба  62 нафари дигар туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли равон барои қадрдонии иштирокдорони садамаи Неругоҳи барқии атомии Чернобил ва пардохти кумакпулии яквақта ба  оилаҳои бесаробонмондаи онҳо  7500  сомонӣ маблағ ҷудо  намудааст.

Апрель 26, 2016 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд