Даври омӯзишии «Барномаи мубориза бо маводи нашъаовар» ба итмом расид
Душанбе, 28.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. 20 афсари алоқаи Дастаи таъиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври омӯзишии думоҳаи «Барномаи мубориза бо маводи нашъаовар»-ро хатм намуданд.
Давраи омӯзишии мазкур зарфияти вазорату идораҳои ширкаткунандаро барои қабулу ирсоли ахбор тавассути дастгоҳи мухобиравие, ки аз ҷониби «Барномаи мубориза бо маводи нашъаовар» ба наздикӣ харид ва тақдим шудааст, баланд бардошт. Афсарони алоқа оид ба тарзи дурусти истифодаи шаклҳои гуногуни мавҷгир барои таъмини сифати баланди ирсоли ахбор, сохтани шабакаҳои муътамади мустақил, барномасозӣ ва муоинаи техникиву насби таҷҳизоти мухобиравӣ дарс хонданд.
Ҳамчунин давраи омӯзишӣ мавзӯъҳои дигари вобаста ба доираи радиобасомад, паҳншавии амвоҷи радиоӣ, тарҳрезии алоқаву ирсоли гузориш, инчунин дарсҳои амалӣ оид ба сохтани мавҷгир барои кор дар муҳит ва баландии гуногунро низ дар бар гирифт.
Силсилаи давраҳои омӯзишии мазкур имконоти Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи (ДТММ) Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба таъмини иртибот бо сохторҳояшон дар манотиқи дурдаст васеъ намуда, бо ин роҳ ба бунёди ҷабҳаи қавитару муттаҳидтар барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






