Фестивали дўстии ҷавонон дар Бадахшон оғоз шуд

Апрель 19, 2016 14:56

Хоруғ, 19.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Фестивали дӯстии ҷавонон зери шиори «Ваҳдати ҷавонон-ояндаи шукуфои Тоҷикистон» аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт. Корманди масъули Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки дар фестивал наздики 100 нафар ҷавонон аз манотиқи мухталифи кишвар бо шумули донишҷўён, омӯзгорону олимони ҷавон, ҳунармандон ва дастаи захиравии тими «Истиқлол» ширкат меварзанд. Иштирокдорони фестивалро дар назди дарвозаи ноҳия бо рақсу тарона истиқбол гирифтанд ва баъдан базми ҷавонӣ дар майдончаи марказ, дар зери чанори 500- сола идома ёфт. Ҷавонон бо ҳам суҳбату мулоқот ва барномаи ҳунарӣ баргузор намуданд. Ҳадафи фестивал дидору гуфтугўи рў ба рў, аз наздик шинос шудан бо зиндагию рўзгори ҳамдигар, таҳияи нақшаи ояндаи фаъолият дар самтҳои мухталиф мебошад. Дар доираи он ҷавонон ба сайри мавзеъҳои таърихӣ ва ҷолиби шаҳру вилоят сафар мекунанд.
Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки 20 апрел дар майдони Исмоили Сомонӣ барномаи муҳташами адабӣ-мусиқӣ баргузор мегардад. Дар варзишгоҳи марказӣ вохӯрии дӯстона аз намуди футбол миёни тимҳои мунтахаби «ВМКБ» ва «Истиқлол» дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки ҷашни ҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ соли равон дар маркази вилоят- шаҳри Хоруғ баргузор мегардад.

Апрель 19, 2016 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид