«Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» — конфронси илмӣ-амалӣ

Апрель 26, 2016 14:44

Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 6 июни соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими истиқлолияти сиёсӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» доир мегардад.
Дар конфронс олимон, мутахассисон ва намояндагони идораҳои марбутаи давлатӣ, вазорату муассисаҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, мактабҳои олии ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО метавонанд иштирок намоянд.
Маърӯзаҳое, ки дар конфронс шунида мешаванд, бояд ба масъалаҳои истиқлолияти сиёсӣ ва худшиносии миллӣ, равандҳои муосири геополитикӣ ва таъсири онҳо ба Осиёи Марказӣ, мушкилоти ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ, таҳдиду хатарҳои муосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳимояи манфиатҳои геофарҳангӣ, геоиқтисодӣ ва геополитикии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, муқовимат бар зидди терроризму радикализми динӣ ҳамчун омили тақвияти истиқлолият, нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО дар таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, дурнамои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА ва Иттиҳоди Аврупо дар таҳкими амнияти минтақа, масъалаҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар замони ҷаҳонишавӣ, мушкилот ва дурнамои муқобалаи геополитикии абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ мутобиқ бошанд.
Маърӯзаҳо ва дархостҳоро барои иштирок дар конфронс то 15 майи соли равон ба почтаи электронии rustam86@hotmail.com ирсол намоед.
Хоҳишмандон барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Апрель 26, 2016 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад