Истиқлолияти иқтисодӣ — асоси таъмини зиндагии шоиста
Душанбе, 22.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел конфронси илмию назариявии ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода зикр кард, ки имрӯзҳо дар қаламрави кишвар ба хотири таҷлили бошукӯҳи 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ чорабиниҳои зиёд барпо мешаванд. Дастовардҳои миллати тоҷик дар тӯли солҳои истиқлолият назаррас буда, аз рӯи онҳо корҳои илмию тадқиқотӣ бурда мешаванд. Бояд гуфт, ки истиқлолияти иқтисодӣ истиқлолияти давлатиро мукаммал сохта, бидуни истиқлолияти иқтисодӣ мо наметавонем ба комёбиҳо бирасем. Истиқлолият рукни муҳими давлатдорӣ аст ва он ҳамчун пойдевори устувор барои таъмини зиндагии шоистаи мардум шароит фароҳам меоварад. Вазифаи мо, муҳаққиқон, ин нишон додани дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ба наслҳои ҷавон мебошад, — афзуд ректори донишкада.
Дар ҳамоиш дар мавзӯъҳои «Такмили қонунҳои иқтисодӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», «Иқтидори транзитии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар рушди иқтисодиёт», «Бехатарии озуқаворӣ ҳамчун воситаи таъмини ғизои хушсифат» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Конфронс пагоҳ, 23 апрел дар бахшҳои иқтисод, менеҷмент ва молия, фаъолияти бонкӣ, бозори коғазҳои қиматнок ва суғурта, ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ, андоз ва гумрук, математика ва фанҳои табиатшиносӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва омор, фанҳои гуманитарӣ, забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, технологияҳои иттилоотӣ, информатика ва моделсозӣ, варзиш ва мудофиаи гражданӣ кори худро идома медиҳад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






