КМТ: Тақдими 1600 адад китоб ба китобхонаи як мактаби ноҳияи Варзоб

Апрель 26, 2016 15:12

Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ«Ховар»/. Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи мактаби рақами 46-и  деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб 1600 адад китоб  ва зиёда аз 300 буклет, китобчаву варақаҳои  таблиғотиро  тақдим намуд. Дар маросими тақдими китобҳо зиёда  аз 400 нафар хонандагону омӯзгорони  мактаб ҳузур доштанд.
Намояндагони  Китобхонаи миллии Тоҷикистон   зимни эҳдои китобҳо ба хонандагони мактаб дар бораи нақш ва аҳамияти китобу китобхонӣ дар ташаккули хислатҳои ҳамидаи  инсонӣ  изҳори андеша намуда, онҳоро ба дӯст доштан ва  мутолиа намудани китоб даъват намуданд.
Хонандагон  низ дар бораи  аниси кунҷи танҳоӣ  ва   фазилатҳои он   шеър  қироат намуда, саҳначаҳои ҷолиб намоиш доданд. Ҳамзамон дар мактаб  Фестивал- озмуни китоб  роҳандозӣ шуд, ки дар он намояндагон аз Иттифоқи нависандагон ва дигар созмонҳои эҷодии кишвар  ҳузур доштанд.
Меҳмонони Фестивал  аз  иқдоми наҷиби Китобхонаи миллии  Тоҷикистон  изҳори хушнудӣ  намуда, ба хонандагони мактаб дар бораи китобу китобхонӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Апрель 26, 2016 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ