Конфронс оид ба пешгирии ифротгароӣ дар Бадахшон
Хоруғ, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Шӯрои ҳамоҳангсозии сохторҳои ҳифзи ҳукуқи ВМКБ дар мавзӯи «Пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро» конфронс баргузор гардид. Дар конфронс ходимони илму маориф, имомхатибони масоҷид, халифаҳо ва аҳли зиё ширкат намуданд.
Прокурори вилоят Дороб Асозода аз гаравиши ҷавонони тоҷик ба равияҳои тундгаро ва ихтилофангез изҳори нигаронӣ намуда, баён дошт, ки бештари онҳо бо сабаби надоштани маълумоти дуруст ва саводи кофӣ дар бораи дини Ислом ба чунин роҳ қадам ниҳодаанд. Ислом дини сулҳхоҳу оромтабиат аст ва аз рӯзи пайдоиши худ инсонҳоро ба ваҳдату тавҳид даъват намудааст. Куштани инсон дар ислом гуноҳи азим шуморида мешавад. Аз ин рӯ, ташкили чунин суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонон хеле муҳим ва саривақтист.
Ҳоло аз шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон дар даргириҳои дохилии кишварҳои хориҷӣ, бо шумули Сурия зиёда аз 20 нафар ширкат доранд. Ба ҷуз як нафар аз ноҳияи Шуғнон дигарон зодаи ноҳияи Ванҷ мебошанд.
Намояндаи ноҳияи Ванҷ Рустам Шехов гуфт, ки аксарияти ин ҷавонон баъди кор дар кишвари Русия шомили гурӯҳҳои ифротгаро шуда, баъдан ба кишвари Сурия рафтаанд. Номбурда пешниҳод кард, ки аз ҳисоби намояндагони дин, олимону шоирон як гурӯҳи вижа таъсис дода шавад ва ба кишвари Русия сафарбар гардад. Баъди ин сафар мо сабабҳо ва одамони миёнравро пайдо карда, пас аз он тадбирҳои мушаххас меандешем.
Конфронс бо мубодилаи афкор перомуни роҳҳои муассири пешгирӣ аз ифротгароӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба поён расид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






