Конибодом: Роҳандозии 5 ярмаркаи ҷойи корӣ дар се моҳ

Апрель 26, 2016 17:06

Конибодом, 26.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. Бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Конибодом  дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пӯлодон ярмаркаи шаҳрии ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он аз 12 ташкилоту муассисаҳо  шуъбаҳои корӣ иштирок намудаанд.
Дар ярмарка 6 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин гардида, 20 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб карда шуданд.
Тавре  масъулин аз шуъбаи Агентии мазкур ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар умум дар семоҳаи аввали соли равон дар маркази шаҳр ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом 5 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор карда шудаанд, ки дар онҳо 26 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ, 20 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 40 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.
Масъулин нақша доранд, ки то анҷоми сол боз 8 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор намоянд.

Апрель 26, 2016 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ