Конибодом: Роҳандозии 5 ярмаркаи ҷойи корӣ дар се моҳ
Конибодом, 26.04.2016. /АМИТ “Ховар”/. Бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Конибодом дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пӯлодон ярмаркаи шаҳрии ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардид, ки дар он аз 12 ташкилоту муассисаҳо шуъбаҳои корӣ иштирок намудаанд.
Дар ярмарка 6 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин гардида, 20 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат ҷалб карда шуданд.
Тавре масъулин аз шуъбаи Агентии мазкур ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар умум дар семоҳаи аввали соли равон дар маркази шаҳр ва ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Конибодом 5 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор карда шудаанд, ки дар онҳо 26 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ, 20 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 40 нафар ба касбомӯзӣ ҷалб карда шуданд.
Масъулин нақша доранд, ки то анҷоми сол боз 8 маротиба ярмаркаи ҷойҳои корӣ баргузор намоянд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






