Кумакпулӣ ба иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон
Душанбе, 26.04.2016/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки ба ифтихори ҷашни 71-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ба иштирокдорон ва маъюбони ин ҷанг 2000 сомонӣ кумакпулии яквақтаина расонад. Аз ин маблағ 1500 сомонӣ аз буҷети шаҳр, 500 сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷудо карда мешавад.
Инчунин ба ифтихори ин санаи фархунда, ки дар саҳифаи таърих бо номи «Иди Ғалаба» сабт гардидааст, чун анъанаи солҳои қаблӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт барномаҳои идонаи консертӣ ва сайругашти оммавӣ ташкил карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 633 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳон умр ба сар мебаранд, ки 11 нафари онҳо дар озод намудани шаҳри таърихӣ ва каҳрамони Ленинград (Санкт-Петербурги ҳозира) аз муҳосираи фашистон иштирок намудаанд








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






