“Ливерпул” ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳ ёфт
Душанбе, 15.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозиҳои ҷавобии ¼ -ниҳоии Ҷоми Аврупо “Ливерпул”-и Англия мухлисонашро дар ҳайрат гузошта, дар варзишгоҳи “Энфилд” “Боруссия”-и Дортмундро бо натиҷаи 4:3 мағлуб кард.
Ин натиҷа дар ҳоле ба даст омад, ки “Ливерпул” то дақиқаи 66-уми бозӣ аз меҳмони худ- “Боруссия” бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб мешуд. Филлиппе Коутиниё дар ин лаҳза ҳисобро тағйир дод ва ҳамдастаҳояшро барои ғалаба ба пеш хонд, то ба мақсад расанд. Дар натиҷа Мамаду Сако ва Деян Ловрен дар дақиқаҳои 78-ум ва 90-ум ду голи дигарро ба самар расонида, “Ливерпул”-ро бо натиҷаи 4 бар 3 пирӯз гардониданд ва ба бозиҳои нимниҳоӣ бароварданд.
“Ливерпул” ҳанӯз 11 сол муқаддам дар соли 2005 дар вохӯрии ниҳоии Лигаи чемпионҳои Аврупо дар қисми аввали вохӯрӣ аз дастаи “Милан” бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб шуда истода, дар натиҷа ҳисобро баробар кард ва аз силсилаи зарбаҳои баъди бозӣ бо ҳисоби 6 бар 5 зафар ёфт ва соҳиби Ҷоми чемпионҳои Аврупо гардид.
Вохӯрии аввали ин дастаҳо бо нишондоди 1 бар 1 ҷамъбаст гардид.
Ба ҳамин тартиб, дар бозиҳои дигари рӯз “Севиля”(Испания) дар сафар бар “Атлетик” (Испания), (2:1, 1:2, аз зарбаҳои пеналтӣ 5:4), “Вилярреал”(Испания) бар “Спарта”(Чехия), (2:1, 4:2) ва “Шахтёр” (Украина) бар “Брага”( Португалия),(2:1, 4:0) ғолиб омада, ба бозиҳои нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






