Маҳфили ёдбуд ба хотири Дӯстмурод Алиев
Файзобод, 20.04.2016 /АМИТ«Ховар»/. Дирӯз бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба хотираи неки ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алиев маҳфили ёдбуд баргузор намуд, ки дар он тамоми дӯстдорони шеъру суруди Дӯстмурод Алиев аз гӯшаю канори кишвар ҷамъ омада буданд.
Дар маҳфил Дӯстмуродхонҳои ноҳияи Файзобод ва ҷумҳурӣ зиёда аз 20 суруди шодравон Дӯстмурод Алиевро сароиданд ва дар охир писари шодравон Наврӯзи Дӯтсмурод минатдории хешро ба меҳмонон иброз намуда, суруди «Падар»-ро сароид.
Ҳамчунин дар маҳфили мазкур шогирдони мактаби мусиқии ноҳия ба номи Дӯстмурод Алиев бо ҳунарнамоии хеш хотири меҳмононро болида гардониданд.