Ҳ.Мирзоев: дар раъйпурсӣ овози ҳар яки мо ҳалкунанда аст
Душанбе, 26.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанги Афғонистон — и вилояти Суғд ҷамъомад дар мавзӯи аҳамияту нуктаҳои муҳими тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар барпо гардид. Раиси ташкилоти мазкур А. Қаҳҳоров иштирокдорони вохӯриро ба зоҳир намудани фаъолнокӣ дар маъракаи муҳими давлатӣ — раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли 2016 барпо мегардад, даъват карда, зикр намуд, ки бо ин амал ҳар яки мо метавонем дар рушду ташаккули самтҳои мухталифи ҳаёти мамлакат саҳм гузорем.
Дар вохӯрӣ Ҳикматулло Мирзоев, раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон» -и ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки барои иштирок дар маъракаи муҳими сиёсии Ватан — раъйпурсии умумихалқӣ бетараф набошем, зеро овози ҳар яки мо ҳалкунанда буда, барои ободии Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ овоз медиҳем.
Дигар аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон» аз рӯзҳои даҳшатбори ҷанги Афғонистон ёдовар шуда, иштирокдорони вохӯриро барои шукргузорӣ ва расидан ба қадри ободиву озодии Ватан ҳидоят намуданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






