Моли фурӯхташуда баргардонида мешавад, вале дар кадом ҳолат?

Апрель 26, 2016 16:43

Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Молу маҳсулоти фурӯхташуда  дар кадом ҳолат аз ҷониби  истеъмолкунандагон ё худ харидорон ба марказҳои  савдо баргардонида мешаванд? Дар посух ба  саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» масъулини  Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯянд, ки истеъмолкунандагон қабл аз харидани молу маҳсулот, хусусан маҳсулоти ғизоӣ бояд ба санаи  истеҳсоли маҳсулот диққат дода, инчунин аз фурӯшанда ҳатман ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатарии маҳсулотро талаб намоянд. Ҳамзамон истеъмолкунандагон вақте ки молу маҳсулотро мехаранд, бояд аз фурӯшанда чек /варақаи санаи харидани маҳсулотро/ талаб намоянд, зеро ҳангоми пастсифат ва нуқсдор баромадани  молу маҳсулот  истеъмолкунанда танҳо дар сурати доштани чеки маҳсулоти харидааш ҳуқуқ дорад,   онро ба маркази савдо баргардонад. Агар истеъмолкунанда чеки маҳсулоти  харидаашро бо худ дошта бошад, имкон дорад дар зарфи 14 рӯзи  баъди харидани  маҳсулоти нуқсдор ё сифаташ пасту  ғайриистеъмолӣ онро ба нуқтаи савдо бурда супорад.
Дар ин росто Мурод Ашӯров, сардори Маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯяд, ки  бо мақсади  баланд бардоштани сатҳ ва маърифати харидории истеъмолкунандагон ва хизматрасонии фурӯшандаю савдогарон сохторҳои  марбутаи «Тоҷикстандарт» тадбирҳои  зарурӣ андешида, корро дар ин самт тақвият мебахшанд. Тавассути воситаҳои  ахбори омма,  инчунин дар  бозору марказҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар тамоми бозорҳои  кишвар овезаҳои махсус бо навиштаҷоти «Тоҷикстандарт» огоҳ мекунад!» насб карда шудаанд. Дар ин овезаҳо суроға ва рақами «телефони боварӣ»-и  мақомоти  салоҳиятдор дарҷ гардидааст.
Инчунин дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи истеъмолкунандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон  варақаҳои махсус бо навиштаҷоти  «Моли фурӯхташуда баргардонида мешавад» нашр гардида, ҳамзамон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар марказҳои савдо насб карда шудааст.

Апрель 26, 2016 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ