Мусодираи зиёда аз 5 кило маводи кимиёвии симоб

Апрель 16, 2016 10:50

Душанбе, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, кормандони фаврии милитсия ду нафар шаҳрванд: сокинони 63-солаи шаҳри Ваҳдат ва 46-солаи шаҳри Душанберо бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи кимиёвии симоб дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршудаи аввал 4 килою 910 грамм ва аз гумонбаршудаи дуюм 1 килою 012 грамм металли моеъи симоб дарёфт ва мусодира гардид.
Ҷамъи маводи кимиёвии симоби мусодирашуда, ки ташхиси Озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ онро тасдиқ мекунад, 5 килою 922 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далелҳои мазкур бо дастрасии моддаи 193 (муносибати ғайриқонунӣ бо маводи радиоактивӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Апрель 16, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Данғара таҳти унвони «Ҷомеаи солим маҳсули оилаи солим аст» иқдоми маърифатӣ доир шуд
Пагоҳ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
4945 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 44 дараҷа гарм мешавад
20 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Бонки миллӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат