Натиҷагирӣ аз фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ
Душанбе, 19.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба натиҷагирии фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар семоҳаи якуми соли 2016 баргузор гардид. Дар кори он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ширкат намуд.
Оид ба натиҷагирии фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар семоҳаи якуми соли 2016 раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим зикр намуд, ки маҷмўи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1-уми апрели соли 2016 аз 68 адад (32 лоиҳаи грантӣ, 16 лоиҳаи қарзӣ ва 20 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант) ба маблағи умумии 21,9 млрд. сомонӣ (ё ин ки беш аз 2,7 млрд. доллари амрикоӣ) иборат мебошад. Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда аз аввали татбиқ то ба ҳолати 1-уми апрели соли равон 8,3 млрд. сомонӣ ё 1,1 млрд. доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст, ки ин 38 %-и маблағи умумиро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки қисми бештари лоиҳаҳо аз ҷониби вазорату идораҳои соҳавӣ (минтақавӣ) тавассути ташкили гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳо амалӣ гардида истодаанд. Ба ҳолати имрўза аз 40 агентии татбиқкунандаи лоиҳаҳо 26-тои он гурўҳҳои татбиқи лоиҳаҳо дар назди вазорату идораҳои соҳавӣ (минтақавӣ) ва 14 адади дигар марказҳои татбиқи лоиҳаҳо ба шумор мераванд.
Дар семоҳаи якуми соли 2016 дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Кумита 28 маросими кушодашавии пешниҳодҳои озмунӣ баргузор шуд. Аз ҷамъи умумии озмунҳо дар давраи ҳисоботӣ 3 адад дар соҳаи маориф, 8 адад дар соҳаи обтаъминкунӣ, 1 ададӣ дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ ва гумрук, 4 адад дар соҳаи нақлиёт, 7 адад дар соҳаи инфрасохтори маҳаллӣ ва 3 адад дар дигар соҳаҳо гузаронида шуданд. Аз маҷмӯи озмунҳои мазкур 1 адад такрорӣ ва 3 адади дигар такмилдодашуда ба ҳисоб мераванд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид оид ба фаъолияти лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар семоҳаи якуми соли 2016 зикр намуд, ки дар ин самт, аз ҷумла дар азхудкунии маблағҳо ҳанӯз ҳам норасоиҳо вуҷуд доранд ва дар ин бобат ба масъулин ҷиҳати рафъи онҳо супоришу дастурҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






