Ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Душанбе, 12.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 16- уми апрел дар Душанбе ниммарафони байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин бора ба хабарнигорон аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар пойга ба ҷуз варзишгарони тоҷик, иштироки давандаҳои касбӣ аз Афғонистон, Беларус, ИМА, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Украина, Фаронса, Чин, Эрон ва кишварҳои дигар дар назар аст.
Бояд тазаккур дод, ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки аз соли 2010-ум баргузор мешавад, аз соли 2014-ум ба тақвими мусобиқоти байналмилалии дави ҷаҳонӣ шомил шудааст. Ниммарафони байналмилалӣ, ки масофаи 21 километру 97 метрро дарбар мегирад, соати 9-и субҳи 16-уми апрел аз рӯи масири дав- Наврӯзгоҳи пойтахт- хиёбони Ҳофизи Шерозӣ- маҳаллаи Хуҷамбиё- дидбонгоҳи Чорбоғ- хиёбони Рӯдакӣ- майдони «Дӯстӣ (назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ) доир мешавад.
Варзишгароне, ки дар ин ниммарафон ҷойҳои аз 1-ум то 6-умро мегиранд, бо мукофоти пулӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойҳои аввал миёни мардону занон ҷоизапулӣ ба маблағи 27 ҳазору 510 сомонӣ ё муодили 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ муқаррар шудааст. Маблағи камтарини ҷоиза барои ҷойҳои шашум 11 ҳазору 790 сомонӣ ё муодили 1500 долларро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар ниммарафони байналмилалӣ Юрий Чечун аз шаҳри Самараи Русия дар байни мардон ва Юлия Чиженко аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия миёни занон ғолиб шуда буданд.








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






