Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода
Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Машварати кории «Платформаи миллӣ» дар заминаи Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» имрӯз, 26 апрел дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар машварат роҳбарони Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати мудофиаи кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентиҳои захираҳои моддӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои ҶТ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии кумита Ориф Нозимов, мақсади чорабинӣ- ин муҳокимаи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии ҶумҳурииТоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» буда, он имкон медиҳад, ки ҳангоми рух додани ҳолати фавқулода ҳамаи вазорату идораҳо зери низоми ягонаи давлатӣ амал намуда, қувва ва воситаҳои мавҷудаи худро ба минтақаи аз офатҳои табиӣ зарардида сафарбар намоянд.
Иштирокдорон қарори дахлдорро оид ба нақшаи ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳо ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода муҳокима намуда, онро қабул намуданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






