Қочоқбарони маводи мухаддир равонаи маҳбас шуданд

Апрель 12, 2016 16:49

Хоруғ, 12.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири пешгирии қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ бо дастгирии сокинони деҳаҳои наздимарзии вилоят чорабинии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ анҷом дода шуд, ки натиҷаи он ба фаъолияти боз як гурӯҳи муташаккили фаромиллии қочоқчиён хотима гузошт. Ин амалиёт дар ҳудуди деҳаи Чошкандези ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон роҳандозӣ шуд. Аъзои фаъоли гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллоб Гулбердиев Атомамад Султонбердиевич ва Абдулхолиқов Хусрав Некқадамович зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнон ҳангоми муомилоти маводи мухаддир дар наздикии марз боздошт гардиданд. Нафарони мазкур дар алоқа бо Мадулло ном шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, яке аз қочоқчиёни ашаддӣ ва узви гурӯҳи фаромиллии нашъаҷаллоб аз самти ҷумҳурии ҳамсоя бо вайрон намудани сарҳади давлатӣ мехостанд, ки маводи мухаддирро ба миқдори 1 кг 80 грамм ба ин сӯи рӯдхонаи Панҷ интиқол диҳанд, аммо аз ҷониби кормандони амниятӣ дар ҷои ҳодиса дастгир шуданд.
Аз рӯи далели мазкур аз ҷониби Шуъбаи тафтишоти Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ парвандаҳои ҷиноӣ оғоз ва баъди ба охир расидани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шуданд.
Ҳамин тариқ, суди ноҳияи Шуғнони ВМКБ кирдорҳои зишту нангини онҳоро ҳамаҷониба тахқиқ намуда, тибқи талаботи моддаҳои 200, 289-и Кодекси ҷиноятии ҶТ Гулбердиев Атомамад Султонбердиевич ба муҳлати 8 солу 6 моҳ ва Абдулхолиқов Хусрав Некқадамович ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд.

Апрель 12, 2016 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид