Ҳолати ошкор гардидани маҳсулоти ғайристандартӣ дар кишвар афзудааст

Апрель 21, 2016 16:38

Душанбе, 21.04.2016/АМИТ Ховар/. Аз оғози сол то ба имрӯз мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» беш аз 1600 тонна маҳсулоти хӯроквориро, ки наздики 600 тоннаи он маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузашта ва ҳангоми ташхис ғайристандартӣ дониста шудаанд ва 1067 тонна маҳсулоте, ки аз рӯи тамғагузорӣ ҷавобгӯи талаботи Низомномаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» намебошанд, ошкор намуданд.
Ин маҳсулоти хӯроквории ғайристандартии пастсифат дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак аз ҷониби мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратӣ ошкор ва аз муомилот гирифта шудаанд.
Нарзулло Шарифзода, сардори Раёсати нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» мегӯяд, ки ин маҳсулот асосан гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, равған, чой, хурмо, маҳсулоти қаннодӣ, сабзавоти консервашуда, мева ва нӯшокиҳои ташнашикан мебошанд. Дар ин самт тибқи тартиби муқарраргардида тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар зиёда аз 1300 ҳолат ба маблағи беш аз 300 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст. Масъули «Тоҷикстандарт» афзуд, ки дар натиҷаи пурзӯр намудани назорат аз ҷониби мутахассисони соҳа, тамоюли ошкор намудани маҳсулоти ғайристандартӣ дар қиёс нисбат ба солҳои қаблӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст. Ин нишондод агар дар семоҳаи аввали соли 2015 беш аз 478 тоннаро ташкил дода бошад, пас ин омор аз аввали соли равон то кунун, тавре дар боло зикр шуд, марзи беш аз 1660 тоннаро убур намудааст.
Дар ин росто дар кишварамон ҳанӯз дар соли 2014 Низомномаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» қабул карда шуд, ки ҳадафаш ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти хатарнок ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон мебошад, зеро санади мазкур барои воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ дар самти тамғагузорӣ талаботи ҳатмиро муқаррар менамояд. Мавриди зикр аст, ки дар муқаррароти техникии мазкур талабот ба тамғагузории маҳсулоти ғизоӣ ба таври мушаххас дарҷ гардида, хусусан бо забони давлатӣ сабт намудани маълумот дар тамғагузорӣ низ пешбинӣ шудааст. Дар ин самт аз ҷониби мутахассисони соҳа бо молворидкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳс улоти ғизоӣ машваратҳо гузаронида шуданд.
Мутаассифона, аз ҷониби иддае аз ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродии воридкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ талаботи бо забони давлатӣ дарҷ гардидани маълумот дар тамғагузорӣ ва талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» риоя карда намешавад, ки ин амал истеъмолкунандаро зимни интихоби маҳсулот ба иштибоҳ меорад, меафзояд сардори Раёсати нозироти савдои Агентии «Тоҷикстандарт» Нарзулло Шарифзода.
Бо дахли риоя нагардидани талаботи Низомномаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ», намояндаи масъули Агентии «Тоҷикстандарт» таъкид кард, ки асосан дар маҳсулоти воридотие, ки аз кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Туркия, Покистон ва Эрон ба кишварамон ворид карда мешаванд, талаботи Низомномаи техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» риоя намегарданд. Инчунин дар баъзе маврид мутобиқат накардани тамғагузорӣ ба маҳсулоти дохили борҷома мушоҳида ва ошкор карда шудааст, зеро дар тамғакоғаз номи маҳсулот нишон дода шудааст, аммо дар дохили борҷома маҳсулоти дигар ҷой дода шудааст ё ин ки вазни маҳсулот ба нишондоди тамғагузорӣ мутобиқат намекунад. Чунин ҳолат дар маҳсулоти хӯрокворие, ки аз Эрон ворид карда мешаванд, ба қайд гирифта шудааст, ки он хилофи талаботи қонунгузории кишварамон аст. Дар ин самт ба соҳибкорон амрияҳои манъи фурӯш дода шуда, инчунин дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба онҳо чораҳо амалӣ шуда истодаанд.
Ҳамзамон дар самти ҳимояи бозори истеъмолии кишвар аз воридоти маҳсулоти пастсифат ва ҷилавгирӣ аз воридоти он дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назири Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти марбута санҷишҳои муштарак гузаронида шуда, назорати маҳсулоти хӯрокӣ ҳангоми воридот ва дар бозори дохилӣ тақвият дода мешавад, зеро таъмини амнияти хӯрокворӣ яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Апрель 21, 2016 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Риояи талаботи муқаррароти қонунҳои миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ доир гардид
Дар Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор дар майдони 210 гектар кишти такрорӣ мегузаронанд
Дар Суғд биноҳои иловагии Маркази клиникавии эндокринологӣ ва Маркази саратоншиносӣ сохта мешавад
Дар оянда мусофирон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон сарҳадро тавассути «дарвозаи электронӣ» убур менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон хавфи омадани сел боқӣ мемонад
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
Беш аз 13 ҳазор гектар заминҳои корам дар ноҳияҳои Восеъ ва Фархор ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд
Дар маҳаллаи «Фалакон»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт доир ба маърифати хонадорӣ барои духтарони ҷавон чорабинӣ баргузор шуд
Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон шинос гардид
Дар Душанбе ҷаласаи муштараки Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор шуд