Ҷоми олии Тоҷикистон насиби кӣ хоҳад шуд?

Апрель 1, 2016 09:07

Душанбе, 1.04.2016 (АМИТ «Ховар»).- Маротибаи 7-ум мусобиқа барои Ҷоми олӣ ё худ Суперҷоми Тоҷикистон баргузор мешавад ва ФФТ барои гузаронидани ин рақобати ниҳоят муҳим, ки ба оғоз шудани мавсими футбол дар соли 2016 дар Лигаи олии Лигаи миллии футбол замина мегузорад, варзишгоҳи Металлург-и шаҳри Турсунзодаро интихоб кард. Бозӣ дар соати 14-и рӯзи 3 апрел шурӯъ мегардад.
Чемпиони мамлакат ва соҳиби Ҷоми Тоҷикистон дар мавсими гузашта, -Истиқлол-и Душанбе бо барандаи медалҳои нуқра,- Хуҷанд-и Хуҷанд вориди майдон мешаванд. Дар ҳоле, ки ин бозӣ дар варзишгоҳи тими Регар ТадАЗ-Металлург мегузарад, муайян нашудааст, ки мухлисони Регар ТадАЗ ба кадом даста таваҷҷуҳ доранд ва онро мухлисӣ мекунанд. Аммо дӯстдорону таблиғгарони дастаи Истиқлол-и Душанбе бо карнаю сурнаи худ барои таблиғу дастгирии чемпион ба варзишгоҳ меоянд.
Мусобиқа барои Ҷоми олии Тоҷикистон аз соли 2010 гузаронида шуда, то ба имрӯз панҷ маротиба онро Истиқлол ва як маротибаи дигар Равшан-и Кӯлоб ба даст овардаанд:
2010 «Вахш» (Қурғонтеппа) «Истиқлол» (Душанбе) 0:2
2011 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1:0
2012 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:1
2013 «Равшан» (Кӯлоб) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:1
2014 «Равшан» (Кӯлоб) «Истиқлол» (Душанбе) 0:5
2015 «Истиқлол» (Душанбе) «Хайр» (Ваҳдат) 2:2. Аз силсилаи зарбаҳои пеналти 4:3

Апрель 1, 2016 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад