Пешсафии шатранҷбози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Тошканд

Апрель 26, 2016 11:47

Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Фаррух Амонатов, шатранҷбози маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии шоҳмот дар Тошканд пешсаф аст.
Шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбекистон, ки дар шаҳри Тошканд ҷараён дорад, пешсаф мебошад.
Гроссмейстери тоҷик аз 7 бозӣ 6 имтиёз ба даст овардааст. Ӯ дар 5 бозӣ пирӯз шуда, 2-тоашро бо гроссмейстерҳои байналмилалӣ Рауф Мамедов аз Озарбойҷон ва Муртаз Кажгалеев аз Қазоқистон мусовӣ анҷом додааст.
Гроссмейстерҳои байналмилалӣ Тигран  Петросян (Арманистон), Муртаз Кажгалеев (Қазоқистон), Рауф Мамедов (Озарбойҷон), Александр Зубарев (Украина) ва боз чаҳор нафари дигар 5,5 имтиёзӣ доранд. Ҳафт нафари дигар 5 имтиёзӣ ба даст овардаанд, ки дар байни онҳо як нафар шатранҷбози зан, устоди ФИДЕ Сарвиноз Қурбонбоева (Узбекистон) мебошад.
Дар мусобиқаи Тошканд ҳашт шатранҷбоз аз Тоҷикистон ширкат дорад. Устоди байналмилалӣ Икром Иброҳимов бо 4,5 имтиёз дар байни 118 нафар дар мақоми 29-ум қарор дорад.
Мусобиқа аз рӯи низоми швейтсарӣ аз 9 давр иборат аст. Маблағи ҷоизаҳои мусобиқа 20 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва барои ҷойи аввал 4 ҳазор, ҷойи дувум – 3 ҳазор, ҷойи севум – 2 ҳазор доллар супурда мешавад. Ҳамагӣ 12 ҷоиза таъсис ёфтааст. Инчунин занон, ҷавонмардону духтарони то 20-сола ва собиқадорон бо ҷоизаҳо сарфароз мешаванд.
Бояд тазаккур дод, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, ки бори даҳум баргузор шудааст, гроссмейстерҳо аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Фаррух Амонатов аз Тоҷикистон ғолиб шудаанд.
Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Апрель 26, 2016 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ