Шамъи хомӯшнашавандаи хотираҳо
Шаҳраки Сомониён, 23.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати рӯзи ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ ва 30-солагии фоҷеаи Чернобил дар ноҳияи Рӯдакӣ конфронс баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси шӯрои ҷамъияти Чернобили ноҳияи Рӯдакӣ М. Шарипов, раиси шӯрои ҷамъияти Чернобили Ҷуҳурии Тоҷикистон Ф. Холиқов ва дигарон сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки оқибати садамаи Чернобил ба ҷони ҳазорҳо нафар осеби ҷиддӣ расонд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6000 нафар ва аз ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ 200 нафар дар кори бартараф намудани оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқии атомии Чернобил фаъолона ширкат карда буданд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаққи иштирокдорони садамаи Чернобил ҳаматарафа ғамхорӣ менамояд ва онҳо аз имтиёзҳои махсус бархурдоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






