Шарҳи хавфҳои коррупсия ва муқовимат бо он

Апрель 21, 2016 16:40

Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор шуд.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, ин навбат вохӯрии кормандони агентӣ бо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни ДМИТ дар асоси «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» доир шуда, дар он таҳлили хавфҳои коррупсия, дарки оқибатҳои ногувори он, роҳ надодан ва муқовимати омилҳои коррупсионӣ, масъалаҳои қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он шарҳу эзоҳ дода шуд.
Ректори донишкада Ашурбой Солеҳзода коррупсияро яке аз хатарҳои асосии ҷомеа номид ва афзуд, ки он ба рушди устувори давлат монеа эҷод мекунад. Паст намудани шиддати омилҳои коррупсионӣ иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин самт тақозо менамояд. Дар ДМИТ низ мутобиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба муқовимат бо коррупсия корҳои фаҳмондадиҳии зиёд амалӣ карда мешаванд.
Сардори Сарраёсати пешгирии коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ доир ба бандҳои алоҳидаи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва татбиқи он бо овардани мисолҳои мушаххас маълумот дод.
Мақсади баргузории вохӯрӣ фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, шарҳи мақсади барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва роҳҳои муқовимат бо коррупсия арзёбӣ гардид.

Апрель 21, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд