Шоҳмот: Фаррух Амонатов соҳиби ҷои аввал
Душанбе, 28.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот барои гиромидошти хотираи Георгий Аъзамов, аввалин гроссмейстери байналмилалӣ аз Узбекистон, ки дар шаҳри Тошканд хотима ёфт, шатранҷбози маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов ғолиб омад.
Гроссмейстери тоҷик бо Рауф Мамедов аз Озарбойҷон аз 9 бозӣ 7,5 имтиёз ба даст оварданд ва аз рӯи нишондодҳои иловагӣ Фаррух Амонатов мақоми аввалро соҳиб шуд. Ин дувумин пирӯзии шатранҷбози тоҷик дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Аз ин пеш Амонатов соли 2008-ум ғолиби мусобиқа гардида буд.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ 118 шатранҷбоз ширкат дошт. Барандаи ҷои аввал соҳиби 4 000, дуввум 3 000 ва севум соҳиби 2 000 доллари амрикоӣ гаштанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






