Соҳибони терминалҳои низоми пардохт бояд иҷозатномаи БМТ гиранд

Апрель 7, 2016 10:51

Душанбе, 7.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон дар оянда операторони терминалҳо, ки бо низоми пардохт фаъолият мекунанд, бояд иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд. Дар иртибот ба ин вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қабул намуданд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни тавзеҳи ин масъала гуфт, ки тағйирот ба қонуни мазкур бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти терминалҳои низоми пардохт, пурзӯр намудани назорат аз болои онҳо ва дар ин самт бо иловапардохт ғанӣ гардонидани буҷети кишвар ворид карда шудааст. Ҳамзамон Ҷамшед Нурмуҳаммадзода афзуд, ки алҳол дар баррасии Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонун «Дар бораи низоми пардохт ва хизматрасонии пардохт» қарор дорад. Инчунин дар ҷумҳурӣ 3 900 нафар шахсони ҳуқуқӣ, воқеӣ ва ташкилотҳои қарзӣ бо терминалҳои худкори низоми пардохт, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гузошта шудааанд, фаъолият доранд.
Ҳамзамон ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба ташкилотҳои қарзии кишварамон низ марбут аст. Тибқи ин тағйирот ташкилотҳои қарзии хурд ва маблағгузории хурди ҷумҳурӣ муваззаф мегарданд, ки дар мавриди хизматрасонӣ ба муштариён тибқи низоми бонкдории исломӣ бояд иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистонро гиранд.
Мавриди зикр аст, ки Парлумони Тоҷикистон ду сол муқаддам, аниқтараш соли 2014 қонун дар бораи бонкдории исломиро қабул намуд буд, ки тибқи он бонкҳои исломӣ имкон доранд дар Тоҷикистон равзана ва намояндагиҳои худро боз намуда, фаъолият намоянд.

Апрель 7, 2016 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид