Собиқ декани ДМТ раиси Кумитаи Парлумон интихоб гардид

Апрель 15, 2016 14:32

Душанбе,15.04.2016/АМИТ Ховар/. Эмомалӣ Насриддинзода-собиқ декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб гардид. Бояд зикр кард, ки Э. Насриддинзода аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар интихоботи миёнадаврӣ, ки 10 апрели соли равон дар ҳавзаи якмандатаи интихоботии Фирдавсӣ №1 доир гардид, бо гирифтани беш аз 80 % овозҳо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Насриддинзода доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, аз соли 2011 то 2016 ба ҳайси декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ фаъолият дошт.
Инчунин дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон Баҳодур Акрамзода узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид. Мавсуф дар интихоботи миёнадаврӣ аз ҳавзаи интихоботии Ҷаббор Расулов №16 бо соҳиб шудан ба зиёда аз 50 % раъйи интихобкунандагон вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон интихоб гардид. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 63 вакил дошта, ба муддати 5 сол интихоб карда мешаванд.

Апрель 15, 2016 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд