«Созандагони Ватан»: мубориза бар зидди терроризму экстремизм- рисолати ҳамаи мост
Душанбе, 21.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Гулистон дар мавзӯи “Мубориза бар зидди терроризму экстремизм- рисолати ҳамаи мост” ҳамоиш доир намуд. Иштирокдорони ҳамоиш зикр карданд, ки давоми соли 2015 ва тайи се моҳи соли равон дар вилоят 559 нафар бо иттиҳоми терроризм ва экстремизм дастгир шуданд. Гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва равияҳои тундгаро муаммои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, пешгирӣ ва мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб ҳамдастии кулли ҷомеаро тақозо дорад. Дар ин росто бо иқдоми Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ дар вилояти Суғд даҳаи мубориза таҳти унвони “Интихоби ҷавонон: ҳаёт бидуни терроризм ва экстремизм” эълон гардидааст.
Бинобар ин дар асоси дастур ва ҳидояти Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм пурзӯр гардида, дар ин самт тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ шудаанд. ТҶҶ “Созандагони Ватан” нисбат ба ин падидаи нанговар бе таваҷҷуҳ набуда, силсилаи чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотиро дар даҳрӯзаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии корхонаҳову муассисаҳо ҷонибдорӣ ва роҳандозӣ хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






