Суғд: Дар раъйпурсии умумихалқӣ 1 млн 370 ҳазор раъйдиҳанда иштирок хоҳад кард

Апрель 26, 2016 16:40

Хуҷанд. 26.04.2016 /АМИТ “Ховар”/. 22 май дар вилояти Суғд  дар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 370 ҳазор нафар сокинони вилоят иштирок хоҳанд кард. Ин нукта 25 апрел зимни баргузории ҷаласаи корӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир гашт, зикр гардид.  Дар кори ҷаласа ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, раисони участкаҳои интихоботӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия ва фаъолон иштирок доштанд.
Тавре зимни ҷаласа таъкид гардид, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ дошта, он, пеш аз ҳама, барои таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мусоидат хоҳад кард.
Тибқи иттилои масъулини мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Суғд,  22 май рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ дар  вилоят 1 миллиону 370 ҳазор нафар сокинон дар 18 ҳавза ва 923 участкаи интихоботӣ раъй хоҳанд дод.
Аз теъдоди умумии раъйдиҳандагон 40 ҳазор нафари онҳо бори нахуст овоз медиҳанд.

Апрель 26, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ