Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо соҳиби ҷои сеюм шуд
Душанбе, 5.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 18 солаи Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо, ки рӯзҳои 2-3 апрел дар шаҳри Твери Русия баргузор шуд, соҳиби як медали тилло гардид.
Ёқубҷон Назиров дар рақобатҳо дар вазни то 81 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар Владимир Сечин ва Манаф Набиев аз Русия дар вохӯрии нимниҳоӣ боз як гӯштингири рус- Назар Меншиковро ба мағлубият дучор карда дар қувваозмоии ниҳоӣ Иван Дубинаро аз Беларус шикаст дод ва соҳиби ҷойи аввал ва медали тилло гардид.
Ҷоми Аврупо барои гӯштингирони навраси тоҷик дувумин мусобиқаи байналмилалӣ дар мавсими имсола ба шумор меравад. Ба ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон 9 варзишгар аз зумраи писарон шомил буданд.
Темур Маҳмадов дар вазни зери 81 килограмм ҷойи панҷум ва Шамоили Ҷаҳонгир дар вазни то 73 кило мақоми ҳафтумро ба даст оварданд.
Дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасон дар Твери Русия 274 варзишгар (172 писар ва 102 духтар) аз 14 кишвар (10 кишвари Аврупо ва 4 кишвари Осиё) иштирок намуданд.
Дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби Русия бо касби 50 медал (14 тило, 10 нуқра ва 26 биринҷӣ) дар зиннаи аввал,мунтахаби Қазоқистон 1 ҷои аввал, се дуввум ва се сеюм ҷойи дувум ва мунтахаби Тоҷикистон бо 1 медали тило, як ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум зинаи сеюмро соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони то 18-сола, ки рӯзҳои 5-6 марти соли равон дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор шуда буд, ҳамин гуна соҳиби як медали тилло гардид, ки онро низ Ёқубҷон Назиров ба даст овардааст. Ӯ дар силсилаи рақобатҳо дар вазни то 81 килограмм баъди чор пирӯзӣ дар қувваозмоии ниҳоӣ Гоча Гвачлианиро аз Гурҷистон мағлуб кард.








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






