«Тоҷикстандарт»: Якдилона ба райъпурсӣ
Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 майи соли равон дар назар аст, роҳбарияти Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои «Тоҷикстандарт»-и вилояти Хатлон бо кормандони соҳа вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мусоидат намудан дар рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо равона шудааст.
Зикр гардид, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ барои таблиғи корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар раъйпурсии умумихалқӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар рӯзи райъпурсӣ ҳама фаъолона иштирок намоянд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






