Дзюдо: кай соҳиби роҳхат ба бозиҳои олимпӣ мешавем?
Душанбе, 4.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. То оғози бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия фурсати кам боқӣ мондааст, аммо то ҳанӯз паҳлавонони тоҷик дар риштаи дзюдо, ки умедворӣ ба иштироки се паҳлавон дар он меравад, роҳхатеро ба даст наовардаанд. Дар рақобатҳои Шоҳ-ҷоизаи Туркия, ки аз 1 то 3 апрел дар шаҳри Самсун баргузор шуд, се паҳлавони кишварамон — Фарҳод Раҳимов, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ширкат варзида, дар вазнҳои худ ба мағлубият дучор шуданд.
Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 килограмм дар даври аввал бар Франк Де Вит аз Ҳолланд ва Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 килограмм дар ҳамин поя бар Витсензо Дарко аз Италия ғолиб омада натавонистанд. Танҳо ба Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кило муяссар шуд, ки дар даври аввал Мишел Ҳоракро аз Ҷумҳурии Чех шикаст диҳад ва дар даври дуввум аз Давид Моура аз Бразилия мағлуб гардад.
Тибқи омори Федератсияи байналмилалии дзюдо, алҳол Комрони Устопирён, ки дар миёни паҳлавонони вазни худ дар зинаи 13-уми ҷаҳонӣ ҷойгир аст, барои роҳхат гирифтан ба бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон имкони бештар дорад.
Дар пеш мусобиқаҳое ҳастанд, ки пирӯзӣ дар онҳо метавонад паҳлавонони моро ба сӯи Олимпиадаи Рио раҳнамун созад.








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






