Задухӯрдҳои мусаллаҳона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон

Апрель 26, 2016 17:01

Душанбе, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрели соли равон соати 21:20- и шаб сарҳадбонони тоҷик бо гурӯҳи фаврии РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон дар минтақаи дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», дар қитъаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддирро пешгирӣ карданд.
Тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори  маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳангоми гузаронидани амалиёт гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни номаълуми афғон иборат аз 6-7 нафар дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд. Ба амри сарҳадбонони тоҷик қочоқчиён итоат накарда, байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд. Дар натиҷа як нафар аз қочоқчиён захмдор мешавад. Боқимонда аз торикии шаб истифода бурда, аз тариқи қамишзор ба тарафи Афғонистон фирор мекунанд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса тақрибан 20 кг маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

Апрель 26, 2016 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд