4 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ гирифтанд
Душанбе, 26. 05. 16. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайи қазияи Иди миллии мардуми Ҳиндустон «Ҳолӣ» нисбат ба 4 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ татбиқ намуд. Тавре ки сомонаи расмии вазорати мазкур хабар медиҳад, 15 майи соли равон Ширкати «Дели — Дарбанд» дар ҳамкорӣ бо ҷамъияти «Динамо»-и ВКД чорабинии Иди миллии мардуми Ҳиндустон «Ҳоли»-ро дар майдони Спитамен гузаронида, пеш аз анҷом додани ин маҳфил рӯйю мӯй ва либосҳои ҷавононро ранг карда, намуди зоҳирии онҳоро даҳшатангез намуданд. Гарчанде кормандони милитсия, ки тартиботро назорат мекарданд, онҳоро огоҳ намуданд, ки бо чунин намуди зоҳирӣ дар кӯча ҳаракати оммавӣ накунанд.
Лекин баъди анҷоми маросими «Ҳолӣ» теъдоди 40-50 нафари наврасону ҷавонон бо сару рӯй ва либосҳои бетартибона рангкардашуда, дар ҳудуди театри «Лӯхтак», кӯчаи Бухорои хиёбони Рӯдакӣ ва атрофи он ҳаракат карда, ба қисмати роҳи нақлиётгард баромада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданд.
Чунин амалу рафтори ҷавонон боиси ноҷӯрӣ ва изтиробу ташвиши сокинон ва раҳгузарони шаҳри Душанбе гардид. Баъди муроҷиати зиёди шаҳрвандон оид ба гаштугузори ҷавонони шубҳанок 48 нафар, аз ҷумла 31 нафар ноболиғ ва 17 нафар ҷавон боздошт ва ба шуъбаи ВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ дастрас карда шуданд.
Баъди тартиб додани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва суҳбат бо волидон онҳо ҷавоб дода шуданд.
Чораҷӯӣ ва амали кормандони милитсия тибқи талаботи қонун буда, пешгирӣ накардани чунин ҳолат метавонист боиси ноҷӯрӣ ва бетартибӣ гардад.
Бинобар дағалона рафтор намудани кормандони милитсия, баъди санҷиши хизматӣ аз ҷониби Раёсати амнияти дохилии ВКД нисбат ба 4 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ҷазои интизомӣ татбиқ карда шуд, аз ҷумла, 1 нафар аз вазифа озод ва се нафар танбеҳ ва танбеҳи қатъӣ гирифтанд.
Таҳкими суботу оромӣ, риояи талаботи қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ асоси амнияту осоиштагӣ ва муҳити созгор дар ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар ин замина кормандони мақомоти корҳои дохилӣ талошу кӯшиш зиёд ба харҷ медиҳанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






